“Сангтӯда-1” мустақилона наметавонад барқ фурӯшад

Масоили афзоиши интиқоли барқ ва содироти мустақилонаи он чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун ба миён гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз неругоҳи “Сангтӯда-1”. Аз ҷумла масоили мазкур дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дар ширкат қайд карданд, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ ва шартҳои иштироки ҳиссавии Русия дар сохтмони […]

Масоили афзоиши интиқоли барқ ва содироти мустақилонаи он чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун ба миён гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз неругоҳи “Сангтӯда-1”.

Аз ҷумла масоили мазкур дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Дар ширкат қайд карданд, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ ва шартҳои иштироки ҳиссавии Русия дар сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, инчунин созишномаи байниҳукуматӣ оид ба истифодабарии ин неругоҳ, ширкат ба фурӯш ва содирот тибқи шартномаҳои мустақим ва мустақилона ҳуқуқ дорад.

Таъкид шуд, ки дар имзои қарордод бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, инчунин ШСХК "Барқи тоҷик" манфиатдоранд, лекин то ҳол аз ин ҳуқуқҳо истифода бурда наметавонанд.

“Ин натанҳо ба беҳбуди нишондиҳандаҳои молиявии ширкат ба манфиати саҳҳомони он (ҳам аз ҷониб Русия ва ҳам Тоҷикистон), балки ба зиёдшавии воридоти маблағ ба Буҷети давлатии ҷумҳуриявӣ имкон медиҳад”, – чунин мешуморанд дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”.

Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки интиқол, тақсимот ва фурӯши онро ба истеъмолгарон таъмин мекунад.

Мувофиқи қарордоди байни тарафҳо имзошуда дар бораи хариду фурӯш, ҳаҷми солонаи интиқоли барқ бояд 2,7 млрд кВт/соатро ташкил диҳад. Амалан бошад, “Барқи тоҷик” 1,6 млрд – 2,3 млрд кВт/соат неруи барқ қабул мекунад. Сарбории неругоҳро дар мавсими тобистону зимистон “Барқи тоҷик” муайян мекунад.

То аввали соли равон ширкат ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 140 млн доллар) қарздор шуд.

Сатҳи миёнаи пардохт ба аввали семоҳаи охири соли гузашта (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) аз 44% аз арзиши барқи интиқолёфта зиёд набуд.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар “Сангтӯда-1” ба ҳудуди 8,4 млн кВт/соат баробар аст.

Неругоҳи “Сангтӯда-1” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба наздики 11% баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.