Донишгоҳи миллӣ аз эътиборсанҷии байналмилалӣ гузаштааст

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз эътиборсанҷӣ ё аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштааст. Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода  имрӯз дар нишасти хабарии донишгоҳ гуфт, ки ин хабарро онҳо низ ҳамин рӯз аз Эстония дастрас кардаанд. Ба гуфтаи ректори ДМТ пас аз омӯзиши тамоми асноди лозим  Шӯрои агентии сифати таҳсилоти олии касбӣ дар Эстония донишгоҳи онҳоро мутобиқ ба талабот ва стандартҳои аврупоӣ […]

Муаллиф: Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз эътиборсанҷӣ ё аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштааст. Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода  имрӯз дар нишасти хабарии донишгоҳ гуфт, ки ин хабарро онҳо низ ҳамин рӯз аз Эстония дастрас кардаанд.

Ба гуфтаи ректори ДМТ пас аз омӯзиши тамоми асноди лозим  Шӯрои агентии сифати таҳсилоти олии касбӣ дар Эстония донишгоҳи онҳоро мутобиқ ба талабот ва стандартҳои аврупоӣ этироф намудаааст

Ба гуфтаи ӯ, барои ин эътиборсанҷӣ рӯзҳои 2-15 ноябри соли 2020, гуруҳи коршиносони байналмилалӣ  ба ДМТ ташриф оварда, ба тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ ошно ва онро ба пуррагӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу қиёс ба талаботи аврупоӣ қарор додаанд

Ректори ДМТ мегӯяд, аз эътиборсанҷии байналмилаӣ гузаштани ДМТ дастури Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 1 сентябри соли 2020 дар дарси сулҳ ба муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ дастур дода буд, ки донишгоҳҳо ва донишкадаҳо аз эътиборсанҷии байналмилалӣ гузаранд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин мактаби олии Тоҷикистон аст, ки ин эътиборсанҷии байналмилалиро дарёфт кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.