Имлои нави забони тоҷикӣ бо 107 тағйирот то охири моҳ тасдиқ мешавад

Date:

Дар Тоҷикистон имлои нави забони тоҷикӣ то охири моҳи феврал аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Ин нуктаро Олимҷон Муҳаммадҷонзода, имрӯз, дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт. Ба гуфтаи раиси Кумита  дар имлои нав 107 тағйирот ворид шудааст.

Раиси кумита мегӯяд, ки онҳо лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол кардаанд, ки қарор аст то охири моҳ тасдиқ шавад.

Дар қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ 107 тағйирот ворид шудааст. Ҳамчунин тарзи дурусти навиштани вожаҳои иқтибосӣ ва ҳарфҳои алифбои русии ц, щ, ы ва ғайраҳо низ пешниҳод шудааст. Ҳамчунин дар ин қоидаҳо бори аввал тарзи навиштани номи кишварҳои хориҷӣ низ пешниҳод шудааст, мегӯяд раиси Кумита.

Имлои забони тоҷикӣ баъд аз тағйири алифбо дар солҳои 1929 ва 1941-и асри гузашта ҳамеша мавриди баҳси  забоншиносон ва ҷомеа будааст. Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳам ду бор – солҳои 1998 ва 2011 қоидаҳои нави имло тасдиқ шудаанд, вале ҳамоно баҳсҳо бар сари он давом дорад. 

Олимҷон Муҳаммадҷонзода аз ироаи ҷузъиёти  тағйироти воридшуда ба имлои забони тоҷикӣ худдорӣ кард ва гуфт, ки пас аз тасдиқ онро дар расонаҳо нашр мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс, ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...