Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама

Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ аз тармаҳо тоза шуда, ҳаракат тариқи онҳо барқарор шуд. Лекин на барои ҳама навъи воситаҳои нақлиёт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз шуд. Роҳи Душанбе – Хоруғ низ тоза шуда, ҳаракат иҷоза шуд. Лекин ҳоло ҳам хатари зиёди тармафароӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ аз тармаҳо тоза шуда, ҳаракат тариқи онҳо барқарор шуд. Лекин на барои ҳама навъи воситаҳои нақлиёт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз шуд. Роҳи Душанбе – Хоруғ низ тоза шуда, ҳаракат иҷоза шуд. Лекин ҳоло ҳам хатари зиёди тармафароӣ боқӣ мемонад”, – гуфт сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ.

Дар ширкати IRS, ки масъули роҳи Душанбе – Чаноқ аст, хабар доданд, ки роҳ дар умум муддати 8-9 соат баста шуд.

“Роҳ аз тарма тоза ва бо регантҳо коркард шуда, айни замон аз ҳар ду самт ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷоза шуд. Барои маҳдуд нашудани ҳаракат ва ба вуҷуд наомадани ҳолатҳои танбашавӣ ҳаракати мошинҳои ядакдор (притсепдор) ва бузургҳаҷм (фураҳо) муваққатан манъ аст”, – хабар дод сухангӯи IRS Далер Мерганов.

Ба гуфтаи ӯ, дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ барфрезӣ идома дошта, эҳтимоли тармафароиҳои нав боқӣ мемонад. “Дар қитъаҳо техникаи махсус машғули кор буда, раҳбарияти ширкат аз дирӯз дар маҳалли ҳодисаҳо қарор дорад”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки барои тозакунии роҳ аз тармаву барфтӯдаҳо 210 адад техника ва механизмҳо сафарбар шуда, 300 тонна сӯзишворӣ ва зиёда аз 20 тонна реагентҳо захира шудааст, ки ба қитъаҳо тақсим шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.