Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд

Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 13 рӯз истироҳат мекунанд. “Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ […]

Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 13 рӯз истироҳат мекунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Санаи 8 март ҳамасола дар Тоҷикистон иди Рӯзи модар ҷашн гирифта, мешавад ки рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил мегардад. Чун имсол 21 март ба рӯзи якшанбе рост меояд, мутобиқи меъёрҳои қонун, 25 март низ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат мешавад.

Ҳамин тариқ бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи март 13 рӯз: 6, 7, 8, 13, 14, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 27 ва 28  март истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон имсол ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамасола бо ҳузури прездент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ гузаронида мешуд, таҷлил карда намешавад.

Имсол дар ҷашни Наврӯз меҳмонон аз хориҷа даъват нашудаанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ҳунармандони Тоҷикистон, овозхонҳо, ҳунарпешаҳои театр театр ва фарҳангиёни дигар ширкат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.