Facebook дар Тоҷикистон андозсупоранда шуд

Facebook дар Тоҷикистон чун андозсупоранда расман сабти ном шудааст. Дар ин бора Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои Кумитаи андоз "аз 2 марти соли 2021, ширкатҳое Facebook Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз […]

Asia-Plus

Facebook дар Тоҷикистон чун андозсупоранда расман сабти ном шудааст. Дар ин бора Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Кумитаи андоз "аз 2 марти соли 2021, ширкатҳое Facebook Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд".

Кумитаи андоз бо эълони ин хабар дар сомонаи расмияш гуфтааст, ки "омодагии худро барои кумак ба шахсони хориҷӣ дар риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ изҳор намуда, дар ҳолати зарурӣ ҷомеаи соҳибкоронро бо маълумоти зарурӣ таъмин менамояд".

Мутобиқи тағйирот ба қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020 шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.

Баҳси андозбандии ширкатҳое, ки хизматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд дар Тоҷикисон  дар поёни соли гузашта доғ шуд. Тоҷикистон мехоҳад ин ширкатҳо барои корҳое, ки аз он даромад мебинанд андоз супоранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.