Гардиши нав дар қазияи Фурқат Абдуфаттоев: даъвои Қирғизистон дигар шуд

Қирғизистон даъвояш бар сари сокини ҷамоати Ворухи Исфара Фурқат Абдуфатоевро дигар кардааст. Ин бор Раёсати корҳои дохилии Бодканди Қирғизистон дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод". Дигар шудани даъвои ҷониби Қирғизистон дар ҳолест, ки пештар аз ин […]

Қирғизистон даъвояш бар сари сокини ҷамоати Ворухи Исфара Фурқат Абдуфатоевро дигар кардааст. Ин бор Раёсати корҳои дохилии Бодканди Қирғизистон дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод".

Дигар шудани даъвои ҷониби Қирғизистон дар ҳолест, ки пештар аз ин кишвар даъво дошт Абдуфаттоев 13-уми марти соли 2019 дар як моҷарои марзӣ ширкат кардаву сокинонро таҳрик додааст ва аз Русия талаб карда буд ӯро ба ин кишвар истирдод кунад. 

Ҳоло Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди ин кишвар дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод".

Додгоҳи олии Бошқирдистони Русия ҳам бар пояи даъвои нави Бишкек муҳлати Абдуфаттоевро  ду моҳи  дигар дароз кард.

Пас аз сар задани ин моҷаро ҷониби Тоҷикисон Фурқат Абдуфатоевро бегуноҳ хонад, асноди лозимро барои исботи бегуноҳии ӯ ба ҷониби Русия фиристода буд.

Додситонии вилояти Суғд ҳам Фурқат Абдуфаттоевро дар бетартибиҳои сарҳадии 13-уми марти соли 2019 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гунаҳкор намедонад. Дар ин бора Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотии додситонии вилоят зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дода буд. 

"Аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, ки ин парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби онҳо тафтиш карда шудааст, маълумотномаҳои дахлдор тартиб дода шуда ба Русия ирсол карда шудааст. Ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шуда истодааст",-гуфта буд ин мақоми додситонӣ.

Дар ҳоли ҳозир наздикони Фурқат Абдуфаттоев ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст. 

Раёсати корҳои дохилии Бодканд дар огоҳномаи наве, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шудааст, иддао кардааст: "Фурқат Абдуфаттоев ҳамроҳи сокинони дигари ҷамоати Ворух – Толиб Юсуфов, Диловар Ҷӯраев, Наҷмиддин Неъматов, Рустам Мирзоев ва дигарон (ҳудуди 70 нафар) рӯзи 22-юми июли соли 2019 роҳи Оқсой ва Ворухро бастанд. Онҳо бо мошин сангреза оварда, ба бетартибӣ роҳ доданд. Ҳадафи онҳо зарари ҷисмонӣ расондан ба сокинони Қирғизистон буд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.