Вазири меҳнат: Тӯли 9 сол дар кишвар зиёда аз 1,9 млн ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд

Дар натиҷаи татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон” давоми солҳои 2012-2020 дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд, изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода дар мусоҳиба ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият”. Ӯ қайд кардааст, ки дар ин замина бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли […]

Дар натиҷаи татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон” давоми солҳои 2012-2020 дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд, изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода дар мусоҳиба ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият”.

Ӯ қайд кардааст, ки дар ин замина бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гашт.

Дар ҳамин ҳол, Амонзода таъкид мекунад, ки дар ин давра шумори аҳолии таъмин бо шуғл дар ҷумҳурӣ 137,8 ҳазор нафар афзуд: аз 2 млн 291,5 то 2 млн 463,4 ҳазор нафар.

Ин шояд маънои онро дошта бошад, ки аксарияти ҷойҳои кории дар ин давра таъсисёфта муваққатӣ буданд ва минбаъд баста шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, то 1 январи соли 2021 шумори аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 9,5 млн нафарро ташкил дод.

Қувваи корӣ (бо шуғл таъмин ва бекорони расман сабтшуда) 2 млн 467 ҳазор нафарро ташкил дод, аз ҷумла 2 млн 417 ҳазор (98,0%) дар иқтисод бо кор таъмин буда, 49,9 ҳазор расман мақоми бекорӣ доранд, ки ба 2% аз қувваи корӣ баробар аст.

Дар Агентии омор қайд мекунанд, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла 33,3 ҳазор – ҷойҳои кории доимӣ, 38,8 ҳазор – ҷойҳои кории муваққатӣ ва 8,4 ҳазор – ҷойҳои кории мавсимӣ.

Давоми моҳҳои январ-декабри соли гузашта 10,4 ҳазор нафар бо ташаббуси маъмурият дар рухсатӣ қарор доштанд, аз ҷумла 7,9 ҳазор нафар бе нигаҳдории музди меҳнат.

Ба иттилои манбаъ, 200 нафар дар реҷаи ҳафтаи кории нопурра ва рӯзи кории нопурра фаъолият доштанд.

Музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли гузашта 1 ҳазору 642 сомонӣ (145 доллар)-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки сокинони Тоҷикистон барои дарёфти кор бо маоши шоиста ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва асосан ба Русия мераванд.

Ҳамасола тақрибан 500 ҳазор нафар ба пулкоркунӣ рафта, дар ҳамин ҳол, аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ тирамоҳ ба ватан барнамегарданд ва дар кишварҳои қабулкунанда боқӣ мемонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.