Аҳолии Тоҷикистон аз 9,5 млн нафар зиёд шуд

То 1 январи соли 2021 шумори аҳолии Тоҷикистон 9 млн 504 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, соли 2020 афзоиши табиии аҳолии кишвар 2%-ро ташкил дод, яъне шумори аҳолӣ тақрибан 198 ҳазор нафар зиёд шуд. Ба ин тариқ, соли гузашта, шумори аҳолии вилояти Хатлон 82,9 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ – […]

То 1 январи соли 2021 шумори аҳолии Тоҷикистон 9 млн 504 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, соли 2020 афзоиши табиии аҳолии кишвар 2%-ро ташкил дод, яъне шумори аҳолӣ тақрибан 198 ҳазор нафар зиёд шуд.

Ба ин тариқ, соли гузашта, шумори аҳолии вилояти Хатлон 82,9 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ – 49,5 ҳазор, вилояти Суғд – 49,4 ҳазор, шаҳри Душанбе – 13,3 ҳазор ва ВМКБ – 2,9 ҳазор нафар зиёд шуд.

Шумораи таваллуд соли гузашта дар ҷумҳурӣ қариб 240 ҳазор нафар ва шумораи фавтидагон – ҳудуди 42 ҳазор нафарро ташкил дод.

То аввали соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон 3 млн 425 ҳазор, вилояти Суғд – 2 млн 754 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн 215 ҳазор, шаҳри Душанбе – 880 ҳазор ва ВМКБ – 231 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.