Ширкати 11 паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав, ки рӯзҳои 24-27-ми моҳи март баргузор мешавад, ширкати 11 самбокори тоҷик дар назар аст. Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд.  Ин мусобиқа, ки ба хотираи асосгузори кӯштии самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад, яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда,  қаҳрамонии […]

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав, ки рӯзҳои 24-27-ми моҳи март баргузор мешавад, ширкати 11 самбокори тоҷик дар назар аст. Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. 

Ин мусобиқа, ки ба хотираи асосгузори кӯштии самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад, яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда,  қаҳрамонии ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад. 

Тоҷикистонро дар ин Ҷоми Ҷаҳон Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Србон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд. 

Соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо ба далели ҳамагирии вируси куруно дар охири сол, поёни декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. 

Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.

Мусобиқаи "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон – Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Аз соли 2015 ба ин сӯ ин мусобиқа, расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мешавад.

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо – Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) медалҳои тиллоии ин сабқати пурнуфузи самбои ҷаҳониро ба даст овардаанд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.