Google ҳам ба дунболи Facebook дар Тоҷикистон андозсупоранда шуд

Date:

Google ҳам ба дунболи Facebook дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда сабти ном шуд. Ширкати фаромилии амрикоии Google 3-юми марти имсол ҳамчун андозсупорандаи хизматрасониҳои электронӣ (ААИ) дар Тоҷикистон сабти ном шуд. Дар ин бора аз Кумитаи андоз ба "Asia-Plus" хабар доданд.

Ин ширкат дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд".

Рӯзи 2 март ҳам ширкатҳои Facebook Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc низ тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj сабти ном шуда буданд. 

Дар кумитаи андоз мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир барои сабти ном кардани ширкатҳои дигари  хориҷие, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳоро анҷом медиҳанд, ба унвони андозсупоранда корҳо идома доранд.

Мутобиқи тағйирот ба қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020 шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.

Баҳси андозбандии ширкатҳое, ки хизматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд дар Тоҷикисон  дар поёни соли гузашта доғ шуд. Тоҷикистон мехоҳад ин ширкатҳо барои корҳое, ки аз он даромад мебинанд андоз супоранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...