Дар Тоҷикистон барои занони ҳомила ҳуҷраҳои “хушунат” таъсис додаанд

Дар Тоҷикистон барои занони ҳомилае, ки аз  ҷониби шавҳар ё хонаводаи ӯ мавриди озору азият қарор мегиранд  дар шуъбаҳои таваллудхонаҳои бемористонҳои кишвар  ҳуҷраи «хушунат» таъсис дода мешавад. Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ ба «Азия-Плюс» гуфт,  ҳарчанд ин шуъбаҳо дар беморхонаҳои озмоишӣ, аз ҷумла дар бемористони «Истиқлол»-и пойтахт, беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар, шаҳри Левакант ва ноҳияи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои занони ҳомилае, ки аз  ҷониби шавҳар ё хонаводаи ӯ мавриди озору азият қарор мегиранд  дар шуъбаҳои таваллудхонаҳои бемористонҳои кишвар  ҳуҷраи «хушунат» таъсис дода мешавад.

Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ ба «Азия-Плюс» гуфт,  ҳарчанд ин шуъбаҳо дар беморхонаҳои озмоишӣ, аз ҷумла дар бемористони «Истиқлол»-и пойтахт, беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар, шаҳри Левакант ва ноҳияи Хуросон вуҷуд доранд, вале  гуфт, «иловатан бояд дар шуъбаҳои таваллудхонаҳо низ ҳуҷраҳои «хушунат» таъсис дода шаванд, чун эҳтиёҷ ба онҳо дар ин шуъба вуҷуд дорад».

Номбурда гуфт, ки ин ҳуҷраҳо барои занони бордор, ки мавриди озору азият дар хонавода қарор мегиранд, омода шуда шароит барои онҳо муҳайё гардидааст, ки дар сурати муроҷиат дар ин ҳуҷра бистарӣ мешаванд.

Ин занон дар ҳуҷраҳо бистарӣ шуда,  тамоми нигоҳубин ва хизматрасонии ба онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад,- мегӯяд муовини вазир.

Ин мақоми давлатӣ мегӯяд, ки дар кишвар ниёз ба вуҷуди ин гуна ҳуҷраҳо ҳаст.

«Табиист, ки  баъди озори ҷинсӣ ё шиканҷа дар бадани зан оризаҳо боқӣ хоҳанд монд ва ӯ намехоҳад касе  ӯро дар ин ҳолат бубинад. Ҳамин ҳуҷраҳо барои чунин занҳо хеле лозиманд, чунки онҳо дар танҳоӣ он ҷо бистарӣ мешаванд, тамоми хароҷот ва табобати ройгон барои онҳо муҳайёст. Мутахассисон ва равоншиносон бо онҳо кор мекунанд. Ичунин барои занони ҳомила, ки уфтодаанд ва осеб дидаанд, имкони бистарӣ дар ин ҳуҷраҳо аст. Ва дар ҳолати муроҷиат намудани бемор ин ҳуҷраҳо бояд ҳамеша омода бошанд ва хизматрасонӣ дар сатҳи олирро ба чунин занон бояд бирасонанд», – илова кард Абдусамадзода.

Ҳуҷраҳои «хушунат», ки ҳоло дар бархе азбеморхонаҳо фаъол шудаанд  бо ҳимояти ҳукумат ва  созмонҳои байналмилалӣ омода ва таъсис дода шудаанд.

Таъсиси ин  ҳуҷраҳоро дар таваллудхонаҳо  қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» пешбинӣ кардааст, ки соли 2013 қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.