Манъи пӯшидани бурқа ва ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятии Швейтсария

Date:

Ба Конститутсия Швейтсария тағйирот ворид мешавад, ки мувофиқи он пӯшидани либоси пурра пӯшонандаи чеҳра дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мешавад. Раъйпурсӣ оид ба ин масъала дар кишвар рӯзи 7 март гузаронида шуд, хабар медиҳад Медуза.

Дар раъйпурсӣ каме бештар аз иштирокчиёни он – 51,2% (ҳамагӣ 51,4% шаҳрвандони кишвар дар он иштирок карданд) ба ҷонибдории манъи он овоз доданд. Манъ ба либоси мухлисон (фанатҳо)-и футбол ва тазоҳургарон, инчунин либоси занони мусалмон – бурқа ва ниқоб ҳам дахл дорад.

Гуфта мешавад, бо чеҳраи пӯшида дар кӯчаву нақлиёт, тарабхонаву мағозаҳо ҳузур доштан манъ мешавад. Истино танҳо маконест, ки ибодат ба ҷо оварда мешавад. Ҳамчунин ба пӯшида будани чеҳра дар сурати ҳифзи солимӣ ва амният, масалан замони эпидемия иҷоза дода мешавад.

Барои омодагӣ ва қабули фармонҳои мазкур ҳукуматҳо (кантонҳо)-и вилоятҳои ин кишвар ду сол фурсат дорад. То раъйпурсӣ чунин манъ дар ду вилоят – Санкт-Галлен ва Тичино, инчуин дар кишварҳои ҳамсояи Фаронсаву Австрия ва дигар давлатҳои аврупоӣ амал мекард.

Ҳукумати Швейтсария даъват карда буд, ки мухолифи тағйирот овоз диҳанд ва қонуни созгор пешниҳод намуд, яъне уҳдадор шудани шахс ба нишон додани чеҳра бо талаби корманди пулис.

Роҳбари департамети федералии адлия ва пулис Карин Келле Сутер ин масъаларо камаҳамият хонд, зеро танҳо як қисмати ночизи занони мусалмон дар Швейтсария либоси пӯшида ба бар мекунанд, ки мувофиқи назарпурсии Донишгоҳи Лютсерн, теъдоди чунин занон аз 20 то 30 аст.

Мухолифони манъ бар ин назарад, ки он ба вазъияти занон таъсир нарасонида, зидди мусалмонон равон шудааст. Шӯрои марказии исломӣ – яке аз ташкилотҳои асосии мусалмонӣ дар кишвар натиҷаҳои раъйпурсиро “ноумедии бузург” хонда қарор кард, ки аз болои он ба суд шикоят мебарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...