Росавиатсия ба парвозҳои “ЮТэйр” ба Тоҷикистон иҷоза надод

Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” ҷиҳати иҷрои ду парвоз ба самти Тоҷикистон иҷоза надод. Ин ҷо сари хатсайрҳои Сургут-Душанбе ва Нижневартовск-Хуҷанд сухан меравад. Сабаби рад шудани иҷоза ба парвозҳо зикр нашудааст. Ширкат ният дошт, ки ҳафтае ду маротиба ба ин шаҳрҳо парвоз анҷом диҳад, хабар медиҳад Znak.com. Дар ҳамин ҳол, Росавиатсия ба иҷрои парвозҳо тариқи […]

Asia-Plus

Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” ҷиҳати иҷрои ду парвоз ба самти Тоҷикистон иҷоза надод. Ин ҷо сари хатсайрҳои Сургут-Душанбе ва Нижневартовск-Хуҷанд сухан меравад. Сабаби рад шудани иҷоза ба парвозҳо зикр нашудааст.

Ширкат ният дошт, ки ҳафтае ду маротиба ба ин шаҳрҳо парвоз анҷом диҳад, хабар медиҳад Znak.com.

Дар ҳамин ҳол, Росавиатсия ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои мустақим ба шаш шаҳри Ӯзбекистон иҷоза дод.

Ба ин тариқ, ширкати ҳавопаймоии “Азур эйр” ҷиҳати анҷоми парвозҳо ба Бухоро, Самарқанд, Нуқус, Тирмиз ва Урганҷ ҳафтае панҷ маротиба иҷозатнома дастрас кард.

Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии “Алроса” ба роҳандозии парвозҳо бо хастсайрҳои Сургут – Фарғона (Ӯзбекистон) ва Сургут – Тараз (Қазоқистон) ҳафтае як маротиба иҷозатнома гирифт.

Ёдрас мекунем, ки додани иҷозатнома асос ё қарор дар бораи барқарор шудани парвозҳо тариқи хатсайрҳои байнулмилалӣ буда наметавонад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ пас аз кушода шудани кишварҳои хориҷӣ танҳо ба ташкили парвозҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд.

Тавре маълум аст, бар асари пандемияи коронавирус аз моҳи марти соли гузашта алоқаи ҳавоии байнулмилалӣ барои мусофиркашонӣ дар Русия боздошта шуд. Дар фурудгоҳи Сургут, ки барои ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” заминавӣ аст, дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми мусофиркашонӣ дар соли гузашта 74% кам шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.