Соли 2020 интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз се як ҳиса кам шудааст

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2020 ба андозаи 32,4% (835 млн доллар) кам шуд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия. Соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн долларро ташкил дод. Соли 2019 ин нишондиҳанда ба 2 млрд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2020 ба андозаи 32,4% (835 млн доллар) кам шуд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн долларро ташкил дод. Соли 2019 ин нишондиҳанда ба 2 млрд 576 млн доллар баробар буд.

Маблағи як ирсол ба ҳисоби миёна дар соли гузашта 151 доллар ва дар соли 2019 – 162 долларро ташкил дод.

Охири моҳи декабри соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки интиқоли пули шахсони воқеӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7% кам шудааст.

Ин ҷо фарқияти маълумоти омории Бонкҳои марказии ду кишвар баръало намоён аст, зеро қисмати зиёди маблағи интиқолӣ ба Тоҷикистон аз Русия фиристода мешавад.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон зиёда аз 1 млн нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли пули муҳоҷирон дар ҷаҳон шуморида мешавад.

Тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми интиқоли маблағ аз се як ҳисса ё нисфи ММД-и ҷумҳуриро ташкил медод. Ҳаҷми камтар аз 32% нисбат ба ММД танҳо замони буҳрони солҳои 2015-2016 ба мушоҳида расид, ки мутаносибан 28,3% ва 27,6%-ро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.