Соли 2020 интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик 6,3% кам шуд

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба андозаи 6,3% кам шуд, хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода зимни нишасти хабарии рӯзи 10 феврал. Ӯ хотиррасон намуд, ки соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул баръакс дар ҳамин сатҳ зиёд шуда буд. Коҳиши ҳаҷми интиқоли пулро дар соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба андозаи 6,3% кам шуд, хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода зимни нишасти хабарии рӯзи 10 феврал.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул баръакс дар ҳамин сатҳ зиёд шуда буд.

Коҳиши ҳаҷми интиқоли пулро дар соли гузашта раиси БМТ ба пандемия ва бо сабаби он баста шудани сарҳадҳо, ки бисёре аз муҳоҷирон ба хориҷи кишвар ба кор рафта натвонистанд, вобаста донист.

Охири моҳи июли соли 2020 раҳбарияти БМТ хабар дода буд, ки нимсолаи аввали соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағ ба андозаи 14,8% кам шуд.

Чун давраҳои пешин дар Бонки миллӣ доир ба чӣ қадар (ифодаи пулӣ) интиқол шудани маблағ саҳеҳан маълумот надоданд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки марказии Русия тирамоҳи соли гузашта хабар дода буд, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ 1 млрд 224 млн долларро ташкил дод, ки 37% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аст.

Бонки осиёии рушд пас аз таҳлили бозори кори ҷумҳурӣ дар гузориши худ қайд кард, ки 98%-и муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти кор ба Русия мераванд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар вобастаи ҷаҳон ба интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон арзёбӣ мешавад.

Тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми интиқоли пул ба қариб сеяк то нисфи ҳаҷми ММД-и кишвар баробар мешуд. Танҳо замони буҳрони солҳои 2015-2016 он поинтар аз ҳаҷми 32% қарор гирифта буд: мутаносибан 28,3% ва 27,6%.

Соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки ба 33,4%-и Маҷмӯи мҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.