Дар Шаҳритус барои президент бо 7,8 миллион сомонӣ қароргоҳ месозанд

Бино ба маълумоте, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ихтиёри "Азия-Плюс" гузошт дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус қароргоҳи Президент аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта мешавад. Ба гуфти манбаъ ҳаҷми маблағҳое, ки барои бунёди ин қароргоҳ масраф мешавад 7,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони ин иншоот дар соли 2021 дар буҷаи маҳаллӣ 3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бино ба маълумоте, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ихтиёри "Азия-Плюс" гузошт дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус қароргоҳи Президент аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта мешавад.

Ба гуфти манбаъ ҳаҷми маблағҳое, ки барои бунёди ин қароргоҳ масраф мешавад 7,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони ин иншоот дар соли 2021 дар буҷаи маҳаллӣ 3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз Раёсати сохтмони асосии вилоят дар ин робита хабар доданд, ки сохтмон алакай шуруъ шудаву айни ҳол корҳои болопӯшии бино идома дорад. Замони ба истифода додни ин қароргоҳ, тақрибан то ҷашни Истиқлол давлатӣ гуфта мешавад.

Дар соли 202,1 ҳамчунин маблағҳо барои сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара низ ба нақша гирифта шудааст. Мачмӯи ҳаҷми маблағҳое, ки барои ин бемористон ҷудо шудааст 31,3 миллион гуфта мешавад.

Манбаъи мо аз Раёсати сохтмони асосии вилоят хабар дод, ки дар аввал дар ноҳияи Данғара як шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба нақша гирифта шуда буд ва бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд сохта мешуд. Баъдан ин лоиҳа бозбинӣ ва тасмим гирифта шуд, ки як беморхонаи мукамали бемориҳои сироятӣ сохта шавад. Ин иншоот ҳам то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлат мавриди истифода дода хоҳад шуд. Ба гуфти манбаъҳои мо дар ҷумҳурӣ ин беморхона назир надорад.

Ғайр аз ин, имсол барои ба анҷом расонидани сохтмони бинои Маркази бемориҳои дил, ки сохтмонаш чанд сол боз манъ шуда буд, маблағгузори хоҳад шуд. Мувофиқ ба маълумоти Сарраёсати молия барои ин иншоот 1,5 миллион сомоӣ ҷудо шудааст.

Дар баробари ин як иншооти дигар, сохтмони бинои мактаб, ки сохтмонаш дар ноҳияи Ҷайҳун аз солҳои 2006-2007 оғоз шуда буду тайи чанд соли охир маблағгузорӣ намешуд, ки аз нав оғоз мешавад. Барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар соли 2021 ҳафтсаду 17 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳаҷми маблағи харҷи ин иншоот 21 миллион сомониро ташкил медиҳад ва бояд он соли 2023 мавриди истифода қарор бигирад.

Дар маҷмуъ соли 2021 дар буҷаи маҳалли вилояти Хатлон барои 37 иншоот 43 миллион сомонӣ ба нақша гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.