Бозгашти “Маршировкаҳо”. Вазорати маориф: хабар надорем

Хонандагони баъзе аз мактабҳои миёна дар ноҳияи Мир Саид Ҳамадонӣ шурӯъ аз моҳи март ба маъракаи “маршировка” ҷалб шудаанд. Онҳо ҳамарӯза аз соати 9 то 14 дар майдони варзишии мактаби рақами 8-и ноҳия барои истиқбол аз ҷашни наврӯзи имсола тайёрӣ мебинанд.  Ҷалби хонандагони мактабҳои миёна ба маъракаи ба ном маршировка дар ҳолест, ки соли қабл […]

Хонандагони баъзе аз мактабҳои миёна дар ноҳияи Мир Саид Ҳамадонӣ шурӯъ аз моҳи март ба маъракаи “маршировка” ҷалб шудаанд. Онҳо ҳамарӯза аз соати 9 то 14 дар майдони варзишии мактаби рақами 8-и ноҳия барои истиқбол аз ҷашни наврӯзи имсола тайёрӣ мебинанд. 

Ҷалби хонандагони мактабҳои миёна ба маъракаи ба ном маршировка дар ҳолест, ки соли қабл Вазорати маориф ва илми кишвар ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи коронавирус онро манъ намуда буд. Имсол бо дарназардошти беҳбуди  вазъи эпидемиологӣ чорабиниҳои омавӣ, аз ҷумла истиқболи Наврӯз иҷозат дода шуд. Вале дар ҳамин ҳол аз вазорати маориф ба "Азия-Плюс" гуфтанд дар бораи ҷалби толибилмон дар чорабиниҳои фарҳангии бахшида ба Наврӯз огаҳӣ надоранд.

Аз шуъбаи маорифи ин ноҳия ба "Азия-Плюс" тасдиқ карданд, ки воқеан 200 нафар хонандаи мактаби миёна барои истиқболи ҷашни Наврӯз ба “маршировка” ҷалб шудаанд. Дар ҳамин ҳол таъкид шуд, ки ин машқу тамрини хонандагон ба раванди таълими онҳо халал ворид намекунад.

Маъракаи “маршировка” ё худ тамрини рақсу роҳпаймоии хонандагон дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон мавриди вокуниш ва интиқоди волидон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Волидон мегӯянд, чунин чорабиниҳо фарзандони онҳоро аз раванди таълим дур месозанд ва ҳатто ба саломатии кӯдакон хатар доранд.

Вазорати маориф ҳамеша таҳкит мекунад, ки “маршировка” ихтиёрӣ аст ва касе ба он маҷбуран ҷалб намешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.