Додрасе, ки дар гирифтани пора гумонбар буд, бо фармони президент барканор шуд

Носирхон Сафарзода, додрас ё судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, ки бо ҷурми гирифтани пора оғози моҳи март боздошт шуда буд, 19-уми март бо судури як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақом барканор шуд.  Эмомалӣ Раҳмон дар фармони худ Носирхон Сафарзодаро  бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти […]

Носирхон Сафарзода, додрас ё судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, ки бо ҷурми гирифтани пора оғози моҳи март боздошт шуда буд, 19-уми март бо судури як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақом барканор шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар фармони худ Носирхон Сафарзодаро  бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон барканор кардааст.

Хабари боздошт шудани  Носирхон Сафарзодаро “Азия-Плюс”  рӯзи 18-уми март бо такя ба як манбаи муътамад нашр карда буд. Он замон манбаъ дар сохторҳои қудратӣ, гуфта буд, ки ӯ рӯзи 9-уми март, бо гумони гирифтани пора боздошт шуд ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Манбаъ гуфта буд, ки гӯё ин додрас ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам мешавад. Вале дар фармони раисҷумҳур танҳо гуфта шудааст, ки "бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон дар ҳоле аз мақом барканор шуд, ки рӯзи 18-уми март дар як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” аз Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз боздошти додраси ин ниҳод бо номи Носирхон Сафарзода изҳори бехабарӣ карда буданд.

Рӯзи 16-уми март аз Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки дар ҳақиқат мо дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон додрасе бо номи Носирхон Сафарзода дорем, ки ҳоло ҳам кор карда истодааст.

Аммо субҳи 18-уми март аз Раёсати оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон хабари боздошти Носирхон Сафарзодаро тасидиқ карданд ва гуфтанд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 319-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ин ниҳод ҷузъиёти бештаре дар мавриди қазияи боздошти ин додарс надод.

Назари худи Носирхон Сафарзода ва наздиконаш дар мавриди бо гумори порагирӣ боздошт ва барканор шуданаш маълум нест. Гуфта мешавад ӯ бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.