Рӯзҳои ҷашни Наврӯз сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон» иштирок кард.
Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчубаи “Барномаи Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ” (GGP) амалӣ гардид. Барои сохтмони марказ дар ноҳияи Балҷувон ва таъмини он бо таҷҳизот ҳукумати Ҷопон 89,150 доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд.
Қабл аз татбиқи ин лоиҳа, дар ноҳия ягон маркази бонувон набуд ва занони маҳаллӣ имконияти таҳсил ва омӯхтани малакаи кофӣ барои ба даст овардани даромад надоштанд. Пас аз сохтани бинои маркази бонувон занони маҳаллӣ имконияти гирифтани омӯзишҳои касбӣ, хизматрасонии равонӣ ва машварати ҳуқуқӣ пайдо карданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Зимни суханронӣ дар маросим сафир Мияшита иброз дошт, ки “ҳукумати Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардуми Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кард ва мо аз он фахр мекунем, ки аввалин маркази дастгирии занон дар минтақаи Балҷувон бомуваффақият сохта шуд ва имконияти ҷашни бошукӯҳи ифтитоҳи онро бо ҳамаи шумо дорем. Ин марказ машваратҳои ҳуқуқӣ ва инчунин омӯзишҳои касбӣ барои занон пешниҳод менамояд. Умедворем, ки ин марказ ҳадафи худро ба пуррагӣ иҷро намуда, дар рушди тамоми ноҳияи Балҷувон саҳм хоҳад гузошт.”
Дар баробари занони маҳаллӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳияи Балҷувон, инчунин Абдусалом Раҳимзода, ҷонишини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон ва Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Балҷувон ширкат варзиданд. Иштирокчиён дар навбати худ ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгири изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Биноан, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеъаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.
Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.
Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 421 лоиҳаро ба маблағи умумии $34,0 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


