Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ ва барои иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истамбул" вориди Душанбе шуд. Қарор аст Ашраф Ғанӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ дошта бошад.   […]

Asia-Plusa

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ ва барои иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истамбул" вориди Душанбе шуд.

Қарор аст Ашраф Ғанӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ дошта бошад.    

Ҳамчунин суханронии раиси ҷумҳури Афғонистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар назар аст, ки аз сӯи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихории ин донишгоҳ дода шавад.

Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.

"Қалби Осиё – Раванди Истанбул" як ибтикори минтақавӣ бо ибтикори Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.

Нишастҳои пешинаи "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.