Даргузашти ногаҳонии ҳунарманди театри “Аҳорун” Аҳлиддин Шарипов

Date:

Аҳлиддин Шарипов, ҳунармани шинохтаи театри "Аҳорун" шаби 29-уми март бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Ин ҳунарманд ҳамагӣ 60 сол дошт ва аз ёрони бунёдгузори театри "Аҳорун" коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд. 

Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини имрӯз, дар масҷиди воқе дар маҳаллаи мавсум ба киллометри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд. 

Аз театри "Аҳорун" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки  ӯ дирӯз то бегоҳ дар кор буд ва субҳи имрӯз наздиконаш занг задаву гуфтанд, ки бар асари фишорбаландӣ даргузашт. 

Сабоҳат Қосимова, мудири театри "Аҳорун" гуфт, ки ҳунари Аҳлиддин Шарипов худодод буд. "Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист".

Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова ӯ аз рӯзҳои нахустини таъсиси театри "Аҳорун" то поёни умр бо ин театр буд.

Аҳлиддин Шарипов бештар аз 40 соли умри худро дар театр гузарондааст. Ӯ дар намоишҳои "Юсуфи гумгашта боз ояд" "Хари Даҷҷол" ва намоишҳои Фаррух Қоим нақшҳои мондагоре офарида буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...