Таҷаммуъ барои хариди белет дар билетфурӯшиҳои Душанбе

Имрӯз назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии собиқ бозори “Зелёний”-и шаҳри Душанбе издиҳоми мардум ҷамъ омаданд, ки ба хатсайрҳои доимӣ ба шаҳри Маскав билет харидан мехоҳанд. Хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, ки кормандони нуқтаҳо ба танаффуси нисфирӯзӣ рафта, лекин одамон ин ҷо истода, онҳоро мунтазиранд. Дар фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши билетҳо оғоз гардида, онҳо […]

Asia-Plus

Имрӯз назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии собиқ бозори “Зелёний”-и шаҳри Душанбе издиҳоми мардум ҷамъ омаданд, ки ба хатсайрҳои доимӣ ба шаҳри Маскав билет харидан мехоҳанд.

Хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, ки кормандони нуқтаҳо ба танаффуси нисфирӯзӣ рафта, лекин одамон ин ҷо истода, онҳоро мунтазиранд.

Дар фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши билетҳо оғоз гардида, онҳо маҳз дар ҳамин нуқтаҳои мушаххас фурӯхта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз намояндагони ду ширкати ҳавопаймоии Utair ва "Сомон Эйр", ки ба Маскав парвозҳои доимӣ анҷом медиҳанд, ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки билетҳо ба ин хатсайрҳо ҳоло ба фурӯш бароварда нашудааст.

Ҳар ду ширкат ҳам нархи билетҳоро аз Душанбе ба Маскав 349 доллар ва аз Маскав ба Душанбе – 143 доллар муқаррар кардаанд.

Парвози нахусти ширкати Utair бо ин хатсайр аз Душанбе ба Маскав рӯзи 3 апрел соати 2-шаб сурат мегирад. “Сомон Эйр” низ дар бораи анҷоми аввалин парвоз бо хатсайри доимӣ аз Душанбе ба Маскав хабар дод. Он рӯзи 6 апрел дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.