Падари Ҳувайдо аз вазири тандурустӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб хостори ёрӣ шуд

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи 5-солаи тоҷик, ки дар Русия бар асари як ҳодисаи фоиавӣ кушта шуд ва гумонбар ба қатли ӯ 9 – апрел, тақрибан баъди се сол аз беморхона раҳо ва ба боздоштгоҳ фисристода шуд, аз  вазири тандурусти Точикистон Ҷамолддин Абдуллозода ва  раиси шаҳри Кӯлоб Абдукодир Вализода дархости ба фарзанди 5-солаи дигари маъюбаш ёрӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи 5-солаи тоҷик, ки дар Русия бар асари як ҳодисаи фоиавӣ кушта шуд ва гумонбар ба қатли ӯ 9 – апрел, тақрибан баъди се сол аз беморхона раҳо ва ба боздоштгоҳ фисристода шуд, аз  вазири тандурусти Точикистон Ҷамолддин Абдуллозода ва  раиси шаҳри Кӯлоб Абдукодир Вализода дархости ба фарзанди 5-солаи дигари маъюбаш ёрӣ кардааст. 

Худи Саидов ба “Азия-Плюс” гуфт, вазъи зиндагии хонаводаашон душвор буда, бо ҳамин сабаб онҳо имкон надоранд сари вақт фарзандашонро табобат кунанд.

Ӯ мегӯяд, «ҳоло фарзанди маъюбам ба табобат эҳтиёҷ дорад, вале бо сабабҳои маълум наметавонад табобати худро сари вақт бигирад. Ҳамсарам ҳам ҷойе кор намекунад  ва ман дар Русия ҳастаму ҳоло даромади кор дар ин ҷо барои ҳама маълум аст. Ва эҳтиёҷ ба дастигирии мардум ва аз ҷумла Ҳукумати Тоҷикитон дорам».

Ҳамзамон Ширин Ибронова, ҳуқуқшинос ва роҳбари саҳифаи гуруҳи «Ҳуқуқи инсон» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати дархости кӯмаки Абдусалом Саидовро нашр кардааст. 

Ширин Ибронова менавсиад, ки падари Ҳувайдо тариқи занги телефони аз ӯ дархст намудааст, ки муроҷтаи ӯро ба вазири тандурустии Тоҷикитон ва раиси шаҳри Кӯлоб бирасонад.

«Абдусалом Саидов ба воситаи телефон аз ман хоҳиш карданд, ки муроҷиати онҳоро ба шумо расонам. Ба ҳамагон маьлум аст, ки падари Ҳувайдои раҳматӣ тӯли қариб се сол мешавад барои ҷазо гирифтани қотили духтараш  дар Руссия қарор дорад. Шароиташ дар Руссия вазнин аст, яъне имконияти таьмини оилаи худро надорад».

Дар муроҷиатнома навишта шудааст, ки фарзанди дигари Саидов – Фархундаи Тиллозода соли таввалудаш 31.03.2016 маьюб буда, ба далели надоштани имконоти иқтисодӣ, наметавонанд ӯро табобат кунанд. Ва Саидов аз вазири тандурустӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб хоҳиш дорад, ки фарзандашро дар ягон беморхона бо табобат фаро бигиранд ва агар имкон бошад барои шифо ёфтанаш ба хориҷ бифиристанд.

«Духтурони шаҳри Маскав тавсия додаанд, ки агар беморӣ табобати ҳаматарафа ва саривақтӣ гирад, шифо ефтанаш мумкин. Ҳозир бемор дар Кӯлоб мебошад ва рӯз то рӯз саломатиаш бад шудаистодааст. Бинобар ин аз вазир хоҳиш дорад, ки имконият бошад духтари маьюбашро дар ягон беморхонаи хуб табобат кунанд ё бо мусоидати вазир ба ягон давлати хориҷа фиристонанд».

Ҳамзамон Ширин Ибронова дар муроҷиатнома аз номи Абдусалом Саидов навиштааст, ки аз ӯ аз раиси шаҳри Кӯлоб  хоҳиш дорад, ки ба оилаи онҳо кӯмаки молӣ расонанд, чун вазъи зиндагияшон хеле вазнин аст.

Ҳамзамон ин хонавода дар моҳои шарифи Рамазон аз шахсони дигаре, ки имкон доранд хостори ёрӣ шудааст.

Нафароне, ки мехоҳанд ба оилаи Саидовҳо кӯмак намоянд, метавонанд ба рақами телефони +79686609033 Абдусалом Саидов тамос бигиранд. Рақами кортро метавонед аз ин видео пайдо намоед, ки қаблан гузошта шуда буд. Ҳамзамон хайрхоҳоне, ки мехоҳанд ба ҳамсари Саидов, ки айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд ёрӣ бирасонанд,  ба ин рақам 900319200 (рақами модари бемор) ё ба идораи «Азия-Плюс» тамос бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.