Раиси САҲА ба Тоҷикистон меояд: бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

Раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), вазири корҳои хоиҷии Шветсия Анн Линде аз 11 то 15 апрел аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Оҷонсии "Ховар" бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ навиштааст, ки Линде бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад Тавре дар сомонаи Созмон хабар дода мешавад, Анн Линде бо вазирони корҳои […]

Раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), вазири корҳои хоиҷии Шветсия Анн Линде аз 11 то 15 апрел аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Оҷонсии "Ховар" бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ навиштааст, ки Линде бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

Тавре дар сомонаи Созмон хабар дода мешавад, Анн Линде бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳо дидору гуфтушунид ва бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

Дар гуфтушунидҳо баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳо байни САҲА ва кигшварҳои Осиёи Марказӣ, дастгирии кишварҳои минтақа дар иҷрои уҳдадориҳои онҳо назди Созмон, аз ҷумла тариқи кори амалиёти саҳроии САҲА дар минтақа дар назар аст.

Вазир Линде аз дафтарҳои корӣ ва саҳроии Созмон дар кишварҳо, инчунин Академияи САҲА дар Бишкек ва Коллеҷи кормандони назорати сарҳадии САҲА дар Душанбе боздид хоҳад кард.

Зимни сафар ба баррасии афзалиятҳои раёсати Шветсия дар САҲА, аз ҷумла дастгирии консепсияи амнияти фарогири САҲА бо шумули уҳдадориҳои муштараки САҲА ва ҳамкории минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар ҷараёни боздид инчунин атрофи мавзӯи “Занон, ҷаҳон ва амният” ва иштироки аҳаммиятноки занон дар мусоидат ба рушд бо шумули густариши ҳуқуқ ва имконоти иқтисодии занон табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.