Барои ҳавасмандсозии хонандагони мактабҳои пойтахт аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 484 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Рӯзи 14 апрел бо қарори раиси пойтахт рӯйхати гирандагони стипендияи раиси шаҳр ба хонандагони мактабу коллеҷҳо дар соли хониши 2020-2021 тасдиқ шуд.
Ба рӯйхат 170 нафар хонандагоне шомил гардиданд, ки давоми соли хониш рафтори намунавӣ зоҳир карда, бо баҳои “аъло” таҳсил доштанд ва дар чорабиниҳои ҷамъиятии муассиса фаъолона саҳм гузоштанд. Рӯйхати гирандагони стипендия бар асоси озмун тартиб дода шуд.
Ҳаҷми стипендия 300 сомонӣ дар як моҳ барои як нафарро ташкил медиҳад. Маблағ ба корти махсус гузаронида шуда, ба хонандагон дода мешавад.
Ба ин тариқ, ҳар кадоме аз гирандагони стипендия дар як соли хониш (9 моҳ) ҳамагӣ 2 ҳазору 700 сомонӣ пул мегирад.
Қобили зикр аст, ки стипендияи мазкур соли 2017 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии хонандагони фаъолу аълохон ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи насли наврас дар корҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


