Шаҳрдории пойтахт барои стипендияи толибилмон зиёда аз 484 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Барои ҳавасмандсозии хонандагони мактабҳои пойтахт аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 484 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт. Рӯзи 14 апрел бо қарори раиси пойтахт рӯйхати гирандагони стипендияи раиси шаҳр ба хонандагони мактабу коллеҷҳо дар соли хониши 2020-2021 тасдиқ шуд. Ба рӯйхат 170 […]

Барои ҳавасмандсозии хонандагони мактабҳои пойтахт аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 484 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Рӯзи 14 апрел бо қарори раиси пойтахт рӯйхати гирандагони стипендияи раиси шаҳр ба хонандагони мактабу коллеҷҳо дар соли хониши 2020-2021 тасдиқ шуд.

Ба рӯйхат 170 нафар хонандагоне шомил гардиданд, ки давоми соли хониш рафтори намунавӣ зоҳир карда, бо баҳои “аъло” таҳсил доштанд ва дар чорабиниҳои ҷамъиятии муассиса фаъолона саҳм гузоштанд. Рӯйхати гирандагони стипендия бар асоси озмун тартиб дода шуд.

Ҳаҷми стипендия 300 сомонӣ дар як моҳ барои як нафарро ташкил медиҳад. Маблағ ба корти махсус гузаронида шуда, ба хонандагон дода мешавад.

Ба ин тариқ, ҳар кадоме аз гирандагони стипендия дар як соли хониш (9 моҳ) ҳамагӣ 2 ҳазору 700 сомонӣ пул мегирад.

Қобили зикр аст, ки стипендияи мазкур соли 2017 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии хонандагони фаъолу аълохон ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи насли наврас дар корҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.