Ду зани фурӯшандаи бозори Панҷшанбе якдигарро латукӯб кардаанд

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд алайҳи як зани ҷавони фурӯшанда, ки дар латукӯби зани фурӯшандаи дигар муттаҳам мешавад, бо ҷурми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ду фурӯшанда барои тиҷорате дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд даст ба гиребон шудаанд. Ҷанҷоли ин ду савдогар дар назди маркази тиҷоратии “Барфак” воқеъ дар кӯчаи “Шарқ”-и шаҳри Хуҷанд, ҳудуди бозори Панҷшанбе […]

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд алайҳи як зани ҷавони фурӯшанда, ки дар латукӯби зани фурӯшандаи дигар муттаҳам мешавад, бо ҷурми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ду фурӯшанда барои тиҷорате дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд даст ба гиребон шудаанд.

Ҷанҷоли ин ду савдогар дар назди маркази тиҷоратии “Барфак” воқеъ дар кӯчаи “Шарқ”-и шаҳри Хуҷанд, ҳудуди бозори Панҷшанбе “барои савдо” сар задааст.

Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ба далели ин ки парванда ниҳоӣ нашудааст, аз расонаӣ кардани номи онҳо худдорӣ мекунад. Ӯ гуфт, фурӯшандаи 32-сола бо як фурӯшандаи дигари 47-сола, ки ҳарду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, рӯзи 2-уми апрел даст ба авбошӣ задаанд.

“Ҳар дуи соҳибкорзанон барои савдо ҷанг кардаанд. Соҳибкорзани ҷавон дар пайи ҳиссиёти авбошӣ нисбати як соҳибкорзани дигари 47-сола суханҳои қабеҳ гуфта, ӯро латукӯб ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст”.

Мақомоти милиса рӯзи 13-уми апрел аз рӯйи ҳодисаи авбошӣ нисбат ба фурӯшандаи 32-сола бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.