Прокуратураи генералӣ муассисони пирамидаи молиявиро ҷустуҷӯ дорад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон як ҳолати таъсиис ба истилоҳ пирамидаи молиявиро аз ҷониби намояндагони ҶДММ “Тозакор” ошкор кард, ки ба қаллобӣ ва фиреби мардум дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон машғул будаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, нисбати якчанд нафари дастдошта дар таъсиси пирамидаи молиявӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. “Тафтишот муайян кард, […]

Прокуратураи генералии Тоҷикистон як ҳолати таъсиис ба истилоҳ пирамидаи молиявиро аз ҷониби намояндагони ҶДММ “Тозакор” ошкор кард, ки ба қаллобӣ ва фиреби мардум дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон машғул будаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, нисбати якчанд нафари дастдошта дар таъсиси пирамидаи молиявӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

“Тафтишот муайян кард, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ "Аффинаж" (Ltd"Affinage"), ки гӯё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғулбуда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ "Аффинаж" зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб намудааст”, – омадааст дар маълумоти прокуратура.

Гуфта мешавад, бо ин роҳи фиреб аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4 ҳазор доллар гирифта, ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ зиёда аз 150 ҳазор доллар гузаронидаанд.

Зикр мегардад, ки айни ҳол 2 нафар аз аъзои ин гуруҳи ҷиноятӣ дастгир карда шуда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост кардааст, ки шаҳрвандони дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ "Аффинаж" (Тозакор) зарардида ё ин ки аз фаъолияти ғайриқонунии ин гуруҳи ҷиноятӣ маълумотдошта ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.