Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон гӯштро арзон кард

Имсол нархи гӯшти гов ва гӯсфанд дар Тоҷикистон рекорди нав гузошт – то 75 сомонӣ дар баъзе минтақаҳо. “Барои поин бурдани арзиши аслии гӯшт ҳамкорӣ лозим аст”, – мегӯянд мутахассисон. – Роҳи дигар нест”. Нарх бомаром то соли 2019 бол мерафт ва агар аввали соли 2016 нархи миёнаи гӯшт дар ҳудуди 30-33 сомонӣ қарор дошт, […]

Имсол нархи гӯшти гов ва гӯсфанд дар Тоҷикистон рекорди нав гузошт – то 75 сомонӣ дар баъзе минтақаҳо. “Барои поин бурдани арзиши аслии гӯшт ҳамкорӣ лозим аст”, – мегӯянд мутахассисон. – Роҳи дигар нест”.

Нарх бомаром то соли 2019 бол мерафт ва агар аввали соли 2016 нархи миёнаи гӯшт дар ҳудуди 30-33 сомонӣ қарор дошт, пас то 1 январи соли 2020 арзиши он то 40 сомонӣ расид.

Босуръат болоравии нарх тайи ду соли охир ба қайд гирифта шуд. Моҳи апрели соли 2020, замони оғози пандемия нархи он то 55 ва аллакай баъди як сол то сатҳи 70 сомонӣ боло рафт.

Нархи миёнаи гӯшт дар Тоҷикистон тайи 6 соли ахир (бо сомонӣ):

Омори хушбинкунанда

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гӯшт тақрибан 390 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва майда зиёда аз 269,5 ҳазор тонна ва гӯшти мурғ беш аз 30,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Агар ба омори расмӣ бовар кунем, Тоҷикистон ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ноил гардида, аллакай 75%-и талаботи худро бароварда мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳамасола воридоти гӯшт ба Тоҷикистон кам мешавад: аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 то ба 180 тонна дар соли 2020, яъне қариб 60 баробар.

Тибқи маълуомти Агентии омор, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 2,8 млн сар чорвои калони шохдор, 5 8 млн сар гӯсфанду буз ва беш аз 9 млн сар паранда парвариш карда мешуд, ки ба таъмини ҳудуди 80%-и талаботи аҳолии Тоҷикистон ба гӯшт кофӣ аст.

Бо вуҷуди ин, воқеият бозгӯи он аст, ки гӯшт ба таври кофӣ истеҳсол нашуда, азҳолии кишвар онро зиёд истеъмол мекунад.

Хӯрокаи қимат, чарогоҳҳои "тиллоӣ"

Дар Тоҷикистон ҳудуди 90%-и саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ёридиҳанда парвариш ёфта, хоҷагиҳои бузурги деҳқониву фермерӣ хоҳиши ба ин кор машғул шуданро надоранд, зеро истеҳсоли гӯшти гову гӯсфанд хеле серхароҷот аст.

Гӯшт асосан бинобар сабаби баланд будани арзиши аслии истеҳсоли он қимат мешавад. Ба он гароншавии хӯрокаи чорво (1 кило кунҷора аз 5 сомонӣ зиёдтар аст) таъсир мерасонад.

Чорводорон мегӯянд, чарогоҳҳоро тариқи миёнаравон бо нархи хеле гарон ба иҷорамегиранд, ин ҳам ба нарх бетаъсир нест.

Назари мутахассисон

Олимони Тоҷикистон мегӯянд, чарогоҳҳо барои ҳамаи ҳайвонот кофӣ набуда, чаронидани беҳад зиёди онҳо ба хушкшавии марғзору алафзорҳо боис мегардад ва аз ин рӯ, ҳамасола бояд қариб нисфи замин чарогоҳҳо истироҳат кунанд.

Ба ақидаи мутахассисони соҳаи чорводорӣ, яке аз шартҳои асосии ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин бахш интихоби дурусти зотҳои гову гӯсфанд буда, фермаҳое ташкил кардан зарур аст, ки зотҳои сергӯшти чорворо парвариш кунанд, вагарна ҳалли мушкили камбуди гӯшт ва нархи баланди он дар бозорҳо ғайриимкон аст.

Ҳамчунин таъсиси корхонаҳои махсуси давлатӣ ё корхонаҳои бузурги тиҷоратӣ оид ба парвариши зотҳои сергӯшти чорво мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар гӯшт ба тарзи комплексӣ истеҳсол шавад, яъне моликони чарогоҳҳову, воридкунандагон, истеҳсолкунандагони гӯшт ва хӯроки чорво ҳамкорӣ кунанду муттаҳид карда шаванд, метавон ҳаҷми истеҳсоли гӯштро афзуда, арзиши аслии онро поин бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.