Ҳукумати Маскав ба тадриҷан бекор шудани маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон умедвор аст

Ҳукумати шаҳри Маскав  тадриҷан бекор шудани маҳдудуиятҳо дар мавриди вуруди муҳоҷирон ба шаҳрро интизор буда, ҳамааш ба вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои муовини раиси шаҳри Маскав Владимир Ефимов менависад, онҳо бешубҳа бекор кардани маҳдудиятҳоро оид ба фуруди муҳоҷирони корӣ зарур медонанд. “Аммо ин ҷо дар навбати аввал бехатарии эпидемиологӣ […]

Asia-Plus

Ҳукумати шаҳри Маскав  тадриҷан бекор шудани маҳдудуиятҳо дар мавриди вуруди муҳоҷирон ба шаҳрро интизор буда, ҳамааш ба вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои муовини раиси шаҳри Маскав Владимир Ефимов менависад, онҳо бешубҳа бекор кардани маҳдудиятҳоро оид ба фуруди муҳоҷирони корӣ зарур медонанд.

“Аммо ин ҷо дар навбати аввал бехатарии эпидемиологӣ дар қаламрави Маскав ба инобат гирифта шуда, аз ин рӯ, мақоми ваколатдор -Роспотребнадзор мувофиқи имкон ин маҳдудиятҳоро бекор мекунад”, – иброз доштааст Ефимов.

Ӯ изҳор доштааст, ки доир ба таъмини лоиҳаҳои ба қувваи корӣ шадидан ниёздошта тартиби қабули қарор вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи номбура, барои ҳамкорӣ бо бинокорон маркази муҳоҷират чанде пеш дар Ӯзбекистон намояндагӣ боз намуда, ҳозир онро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад, то ки бо дархости корфармоҳои Маскав қувваи корӣ интихоб намуда, вуруди онро ба қаламрави Маскав амалӣ созад.

Ба қавли муовини раиси шаҳр, ин натанҳо кор дар доираи маҳдудиятҳои мавҷуда аст, балки барои оянда низ имконоти бузург дорад, зеро ба пешакӣ интихоб намудани мутахассисон имкон фароҳам меорад.

“Барои мо ин муҳим аст, чунки мо пешакӣ хоҳем донист, ки чӣ гуна касон назди мо меоянд. Ҳоло наметавонем бигӯем, ки сарҳадҳо кай пурра боз мешаванд”, – илова кардааст Ефимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.