Раиси Суғд бо ҳамтоёни ӯзбекистониву қирғизи худ дар Фарғона вомехӯрад

Раиси вилояти Суғд, раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дар ҳамоиши тиҷоратии се вилояти наздисарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.  Ҳайатҳои шахсони расмӣ ва тоҷирон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 апрел ба Фарғона […]

Раиси вилояти Суғд, раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дар ҳамоиши тиҷоратии се вилояти наздисарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

 Ҳайатҳои шахсони расмӣ ва тоҷирон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 апрел ба Фарғона ташриф оварда, бо ҳокими ин вилоят Шуҳрат Ғаниев дидору гуфтушунид мекунанд.

Дар Фарғона рӯзи 23 апрел таҳти унвони “Ҳамгироии қаламравҳои наздисарҳадӣ – гарави рушд” (Интеграция приграничных территорий – залог развития) ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Дар доираи кори форум оид ба ҳамкорӣ дар саноат ва бахши кишовразӣ ду иҷлосияи соҳавӣ баргузор мешавад.

Дар барномаи чорабинӣ ба вохӯрии роҳбарони се минтақаи наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли вилояти Фарғона боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзии минтақа шинос мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.