“Ҷавонмарди асил” – китоб дар бораи Исматча чеҳраи олами ҷиноии аввали солҳои ҷанги шаҳрвандӣ

Дар Тоҷикистон китобе бо номи "Ҷавонмарди асил" дар бораи Нусратулло Тӯрахонов мулаққаб ба Исматча, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноии солҳои 80-ум ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нашр шудааст. Таҳиягари ин китоб таърихшинос Ҷалолиддини Сафарзод мегӯяд, ки ин китоб дар бораи қаҳрамониҳои Исматулло Тӯрахонов қисса мекунад ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон нашр шудааст.  Мураттиби китоб ба […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Дар Тоҷикистон китобе бо номи "Ҷавонмарди асил" дар бораи Нусратулло Тӯрахонов мулаққаб ба Исматча, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноии солҳои 80-ум ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нашр шудааст.

Таҳиягари ин китоб таърихшинос Ҷалолиддини Сафарзод мегӯяд, ки ин китоб дар бораи қаҳрамониҳои Исматулло Тӯрахонов қисса мекунад ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон нашр шудааст. 

Мураттиби китоб ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ӯ дар давоми 7 сол, дар бораи қаҳрамониҳои Нусратулло Тӯрахонов мақолаҳо ва тамоми маводи чопиро аз матбуоти даврӣ ҷамъоварӣ карда, ин китобро бо маблағи шахсияш чоп кардааст.

Ҷалолиддин Сафарзод мегӯяд, пас аз 29 соли марги Исматча дар ин китоб аз шуҷоату ҷонбозии ӯ барои мардуми тоҷик гуфта шудааст.

"Исматулло нафаре ҳаст, ки амалкардҳояш барои пешгирӣ аз ҷангҷӯён нақши калидӣ мебозид. Ман ин китобро барои сулҳу осоиши кишвар ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон азиз ба нашр расонидам. Мақсад аз нашри ин китоб дар он аст, ки бигзор мардум дигар ба васваса ва доми ҷангҷуён дода навашанд".

Таҳиягари китоб иддао дорад, ки "маҳз бо талоши ҳамин гуна ҷавонмардони асили тоҷик мо ба ҳамини рӯзҳои нек расидем".  

Ин китоб дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ бо теъдоди 100 нусха чоп шудааст.   

Исматча (Тӯрахонов Нусратулло Саидович) 22.09.1961 дар кӯчаи Айнии ноҳияи Совет (ҳоло н.Темурмалик) ба таваллуд шудаву мактабро дар ин ноҳия то синфи 8 хондааст. Баъдан ба Техникуми тарбияи ҷисмонии Душанбе дохил мешавад, вале дар як ҷанҷоли калон, ки гуфта мешавад миёни ҷавонони помириву кӯлобӣ сурат гирфта буд, соли 1983 ӯро маҳкум мекунанду ба зиндони Красноярск мепартоянд, ки баҳори соли 1992 аз зиндон раҳо шуд. 

Нусратулло Тӯрахонов дар поёни соли 1992 дар синни ҳамагӣ 31-солагиаш кушта шуд. Исматча қабл аз марг дар як маҳфил хотираҳояш дар бораи ҳодисаҳои соли 1992-ро қисса кардааст. Видеои ин суҳбат, ки 42 дақиқа аст, се сол пеш дар интернет пайдо ва дастраси расонаҳо шуд. Дар ин видео ӯ дар бораи бархе аз гуфтугузорҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ суҳбат мекунад ва аз сиру асрорҳои то ин вақт номаълум парда мебардорад.

https://www.youtube.com/watch?v=yo5_WmD6ZRM

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

 бо мо бимонед.Google Новости ва OKЯндекс.ДзенViberInstagramFacebookTelegramДар 

 

 

                                                                                                                                                                                           

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.