Хабари деринтизор: гузаргоҳи “Қулма” дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд

Гузаргоҳи марзии “Қулма” дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо иқтидори пурра ба кор даромада, то имрӯз тариқи он 131% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта молу маҳсулот ҳамлу нақл шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯи телефонӣ байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон […]

Гузаргоҳи марзии “Қулма” дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо иқтидори пурра ба кор даромада, то имрӯз тариқи он 131% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта молу маҳсулот ҳамлу нақл шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯи телефонӣ байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, ки рӯзи 1 март доир гардид, дар кори ифитоҳи ин гузаргоҳ нақши муҳим бозид.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷониби Чин арзиши боркунӣ ва борфарории молу маҳсулотро дар гузаргоҳ поин бурда, вақти бозгашти контейнерҳои холиро тезтар кард.

“Масалан, қаблан барои баргардонидани контейнерҳои холӣ дар ин гузаргоҳ ҷонибҳо то 4 ҳазор доллар маблағ пардохт мекарданд, ҳозир бошад, контейнерҳо бепул баргардонида мешаванд”, – гуфт вазир.

Ёдрас мекунем, ки постгоҳи сарҳадии “Қулма” аз оғози моҳи октябри соли гузашта пурра баста шуда буд.

18 феврал муовини сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар гузаргоҳи “Қулма” зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 440 млн доллар молу коло ворид шудааст, ки 14% аз ҳаҷми умумии воридоти соли гузаштаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нисбат ба як соли пешин, соли 2020 ҳаҷми гардиши маҳсулот байни Тоҷикистону Чин ба андозаи қариб 20% поин рафт.

Тоҷикистон аз Чин асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, сарулибос, техникаву таҷҳизоти гуногун ва дигар чизҳо ворид мекунад. Баъзе маҳсулоти ғизоӣ низ оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.