Масъулият барои риоя накардани қонуни танзим ва ҷашну маросим сангинтар шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 21 апрел аз пешниҳоди гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар бораи тағйирот ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ, ки ба ҳаҷми ҷаримаҳо барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” дахл дошт, дастгирӣ намуд. Пас аз ҷаласаи парлумон раиси Кумитаи дин, танзими анъана […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 21 апрел аз пешниҳоди гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар бораи тағйирот ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ, ки ба ҳаҷми ҷаримаҳо барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” дахл дошт, дастгирӣ намуд.

Пас аз ҷаласаи парлумон раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода дар шарҳи ин масъала ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки минбаъд шахсони воқеӣ, ки меъёрҳои қонуни зикршударо риоя намекунанд дар ҳаҷми аз 100 то 130 нишондиҳанда барои ҳисоб, шахсони мансабдор – аз 250 то 280 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима мешаванд.

Қаблан ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 100 то 120, шахсони мансабдор – аз 250 то 270 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 500 то 520 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шуда буд.

Ҳамчунин барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, ки замони эълони вазъи фавқулода дар кишвар дар робита ба паҳншавии эпидемия дастурҳои ситоди ҷумҳуриявиро вобаста ба баргузории ҷашну маросимҳо риоя намекунанд, низ ба ин монанд ҷаримаҳо ҷорӣ шудааст.

Мувофиқи тағйироти имрӯз қабулшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсоне, ки меъёрҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд, пас аз гузашти шаш моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.