ВКД Русия ваъда дод, ки муҳлати ҳузури муҳоҷирони ғайрирасмиро тамдид мекунад

Date:

ВКД Русия муҳлати ҳузури муҳоҷиронеро, ки ғайрирасмӣ дар қаламрави кишвар ҳузур доранд, дароз мекунад. Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба воҳидҳои ин вазорат муроҷиат намоянд. Дар ин хусус рӯзи 21 апрел муроҷиатномаи дахлдори ВКД Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ нашр шуд.

ВКД Русия ба муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд, боисрор тавсия медиҳад, ки ҷиҳати дароз кардани муҳлати будубоши муваққатии худ ба мақомоти ВКД ҳозир шаванд.

Дар матни муроҷиат гуфта мешавад, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки талаботи ҳузури қонуниро иҷро накардаанд, метавонанд “вазъи ҳуқуқиашонро бе таъини ҷазо танзим кунанд”.

“Мутобиқи амри президент <…>, ба шахсоне, ки дар қаламрави Русия бо қонуншиканиҳо тибқи қонунгузории муҳоҷират дар бораи будубош қарор доранд, ҷиҳати танзими мақоми ҳуқуқӣ бидуни таъини ҷазои дар ин ҳолатҳо пешбинишуда имкон дода мешавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Вазорат ба амри президенти Русия аз 18 апрели соли 2020 такя мекунад. Тибқи ин фармони Владимир Путин, дар робита ба пандемияи коронавирус муҳоҷирони корие, ки ҳузурашон то 15 марти соли 2020 қонунӣ буд, метавонистанд то 15 июни соли 2021 дар кишвар қарор дошта бошанд.

“Дар ин робита ба шахсоне, ки барои ҳузур дар қаламрави Русия асосҳои қонунӣ надоранд, боисрор тавсия дода мешавад, ки ба мақомоти минтақавии ВКД Русия дар маҳалли будубоши худ муроҷиат кунанд”, – таъкид доштаанд дар ВКД Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...