Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифои СПАД амнияти биологии кишварҳои узви созмонро баррасӣ кард

Date:

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ масъалаи таъмини амнияти биологии кишварҳои узви созмонро матраҳ кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки дар мисоли пандемияи COVID-19, ба назар расидааст, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти ин кишварҳо таҳдид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СПАД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СПАД масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар ин созмони минтақавт дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҳамчунин зарур шумурда шудааст, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...