Ҷонибек Ҳикмат Исмоил намояндаи нави Тоҷикистон дар СММ

Date:

Ҷонибек Ҳикмат Исмоил сафир ё намояндаи нави Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид  таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Маҳмадамин Маҳмадаминов омад, ки имрӯз бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. 

Гуфта мешавад Ҷонибек Ҳикмат то ин замон чанд соле дар Сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва вақтҳои ахир дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор мекард. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муродулло Давлатзодаро ба далели ба сини нафақа расидан аз мансаби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардаву вазифаашро дар ихтиёри Абдураҳим Холиқзода гузоштааст. Абдураҳим Холиқзода вакили маҷлис ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related