Сел дар Вахш: 36 хонаро вайрон, 2,5 ҳазор га заминро тахриб ва 42 ҳазор га заминро беоб кард

Барпайи омадани сел рӯзҳои 11-12 май бино ба маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Вахш 36 хонавода дар чор деҳа беҷо шудаанд ва барои онҳо ҳоло шаҳраки хаймаҳо бунёд шудааст. Ин сел бар пайи борони шадиде омадааст, ки ин рӯзҳо дар дигар минтақаҳои кишвар ҳам омада буд.   Аз ҳама зарари бештарро деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Барпайи омадани сел рӯзҳои 11-12 май бино ба маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Вахш 36 хонавода дар чор деҳа беҷо шудаанд ва барои онҳо ҳоло шаҳраки хаймаҳо бунёд шудааст. Ин сел бар пайи борони шадиде омадааст, ки ин рӯзҳо дар дигар минтақаҳои кишвар ҳам омада буд.  

Аз ҳама зарари бештарро деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол дидааст. Ҳоло дар ин деҳа ва деҳаҳои дигари зарардида корҳои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табии ҷараён дорад.

Мо, рӯзи 14-уми май ба мавзеи селзада рафтем. Сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ташкили шаҳраки хаймаҳо буданд. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятиву ноҳиявӣ ҷамъ шуда буданд.

Хонаҳои аввали кӯчаҳо камтар зарар дидаанд,  але хонаҳои поёни кӯчаҳо пур аз селоба буду қисме хонаҳо комилан чапа шудаанд. Баъзе аз хонаҳои дигар, биноҳои ёрирасон аз ҷумла ошхона, анҷомхона ва оғилу мурғхонаҳояшон вайрон шудаанд. Сокиноне, ки хонаҳояшон побарҷосту селоба даромадааст, алакай дар пайи тоза кардани манзилҳояшон буданд.

Искандар яке аз сокинони ин деҳа гуфт: – шом буд, ки мо рӯзаамонро кушодем ва нав сари дастархон шишта будем. Ногоҳ занги телефон шуд бардоштам аз болои деҳа хабар доданд, ки сел омада истодаасту тез хонаҳо берун шавем. Дастархон монду мо кӯдакоямонро гирифта баромада сари деҳа рафтем. Шабро дар хонаҳои наздикон рӯз кардем. Вақте саҳар омадам, хонаам валангор аст. Хонаро як сол пеш сохта будаму ба инҷо куч баста будам. Мутаасифона акнун бехона мондем

Сокини дигари деҳа Оиша мегӯяд вақте сел омад дар хона будем. “Аз тарафи поёни деҳа сел даромад, мо маҷбур шудем хонаро тарк кунем. Худ бубинед, ки об то ними хонаҳо баланд шудааст ва то имрӯз осораш мондааст. Ҳама дороимон зери лой монд. Ман дӯкон доштаму маҳсулоти ниёзи аввал савдо мекардам. Ҳама колои дӯконам зери селоба монд. Минбаъд чӣ мешавад, намедонам. Аз мағозаҳои яклухтфурӯшӣ 10 ҳазор сомонӣ қарздорам”,- гуфт ин зан.

Он рӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳам ҳамроҳ бо муовини аввали сарвазир Давлати Саид, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Сулаймон Исозода ва як гуруҳ намояндагони ташкилоти байналминалӣ ҳам ба ҷойи ҳодиса омаданд.

Раиси вилоят гуфт, ки  4 деҳа аз офати табии зарари ҷиддӣ дидаанд. “Аз ҷумла деҳаҳои Итифоқ, Машъал, Ваҳдат ва Тошуробод. Дар деҳаи Тошуробод сел як пойгоҳи обкаширо пурра канда бурд. Ҳамчунин аз поёни канали Вахш мегузарад, ки ин канал беш аз 42 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳунро бо оби полезӣ таъмин мекунад. Сел соҳилҳои ин каналро шустааст ва имрӯз имкони бо оби полези таъмин кардани чанд ноҳия мушкил шудааст”,-гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода баъдан бо мардуми зарардида суҳбат карда, аз онҳо даъват кард, ки ба эҳсосот дода нашаванд, ором бошанд, ҳукумат барои ёрии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад. “Мо омӯхта истодаем, ки манзилҳои ояндаи шумо дар куҷо сохта шаванд ва ҳамаи он оилаҳое, ки манзилҳояшон пурра вайрон шудаанд соҳиби хонаҳои нав хоҳанд шуд”, – гуфт Ҳакимзода.

Бино ба гуфти сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон, Маҳмадзода Ҷамшед, мувофиқи маълумоти пешакӣ дар деҳаи Итиифоқ 21 хона пурра зарар дида, дар маҷмуъ дар ноҳия 36 хона пурра вайрон шудааст.

Ба гуфти ин масъули вилоятӣ, ҳачми хисоротро комиссияе, ки ташкил шудааст мушаххас мекунад. Ҳоло барои селзадаҳо шаҳраки хаймаҳо барои 30 хонавода ташкил шудааст, ба беҷошудагон се бор бо хӯроки гарм таъмин карда мешавад,- гуфт Маҳмадзода.

Ҳукумати вилоят мегӯяд, ки дар ноҳияи бар асари ин сел 2,5 ҳазор заминҳои кишт хисорот дидаанд. Бегоҳии 14 май аз номи президент Эмомалӣ Раҳмон корвони ёриҳои ҳовии масолеҳи сохтмонӣ ҳам ба беҷошудаҳо расид.

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахш Қурбон Қувватзода 13 май дар мавриди ин селхезӣ суҳбати телефонӣ карда буд ва дастур дода буд, зарардидаҳам ҳаматрафа ҳимоят шаванд. Сокинони деҳаи зарардида дар мулоқот аз раиси вилоят тақозо карданд, ки расонидани кӯмакҳоро таҳти назорат бигиранд то ҳама одилона сурат бигирад. Ҳар як оиларо омӯзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?