Фейк аст: Видеои лату кӯби як тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек ҳақиқат надорад

Дар бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии фейсбук аксу видеоҳои лаҳзаи латукӯби бераҳмонаи як ҷавон аз сӯи гуруҳи чанднафара ва бо мошин пахш кардани он чарх мезанад. Хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон намогирифтҳо (скриншот)-е аз ин видеоро дар саҳфаи фейсбукаш бо ин хитоба гузоштааст: "Ба ҳама муҳоҷирон, мусофирон ва шаҳрвандони Тоҷикистони аз хориҷи кишвар ба хусус дар Федератсияи Россия буда […]

Asia-Plus

Дар бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии фейсбук аксу видеоҳои лаҳзаи латукӯби бераҳмонаи як ҷавон аз сӯи гуруҳи чанднафара ва бо мошин пахш кардани он чарх мезанад.

Хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон намогирифтҳо (скриншот)-е аз ин видеоро дар саҳфаи фейсбукаш бо ин хитоба гузоштааст:

"Ба ҳама муҳоҷирон, мусофирон ва шаҳрвандони Тоҷикистони аз хориҷи кишвар ба хусус дар Федератсияи Россия буда хоҳиш менамоем, ки ҳаргиз барои сафар ба Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон аниқтараш бо убур аз марзи қирғиз истифода накунед! Зеро иттилоот ва наворҳои ба дасти мо расида аз Фурудгоҳи Бишкек хеле дардноку нороҳаткунанда аст. (Мо гузоштани чунин видеоро дар инҷо ҷоиз надонистем то барои шумо нохушоянд бошад)".

Ин муаллфи ва муаллифони дигар навиштаанд, ки ин навор дар фурудгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон бардошта шуда дар он “як нафар шаҳрванди Тоҷикистонро нозирони ҳифзи ҳуқуқ бо ҳамроҳии шаҳрвандони Қирғизистон мавриди хушунат ва латукуб қарор дода аз балои он бо мошин убур мекунанд”. 

Муаллифон ҳамчунин аз шаҳрвандони кишвар дархост кардаанд, ки аз рӯи имкон аз тариқи шаркатҳои ҳавоии Қирғизӣ ва ё ба воситаи фурудгоҳи ин кишвар сафар накунанд. 

Барои сакнҷиши ин навор дар ҳоле тасмим кардем, ки дар шарҳи ин постҳо баъзе аз корбарон ба хушунат даъват мекарданд. Ҳамчунин мо ба таҳқиқи ин навор дар ҳоле оғоз кардем, ки вақтҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз тариқи фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя сафар кардаанд аз муносибати дағал ва боздошту латукӯб аз ҷониби мақомот ва шаҳрвандони он хабар додаанд. 

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи маълум гашт, ки видеои мазкур аз ин пеш рӯзи 5-уми марти соли 2021 дар саҳифаи фесбукии ба номи Al- Bab News нашр шуда дар он гуфта мешавад, ки видео дар кишвари Лубнон сабт шудааст ва нафари латукӯбшуда шаҳрванди сурия мебошад. Азбаски дар саҳифаи Al- Bab News танҳо наворҳои монанд нашр шудааст, мо ба муътамад ва беғараз будани он шубҳа кардем ва пайи дарёфти манбаи асли видео дуртар рафтем. 

Тибқи иттилои сомонаи World Journal, ин ҳодиса 21-уми феврали соли ҷорӣ дар музофоти Гуандуни кишвари Чин рух додааст. Ба иттилои ин сомона дар видеои мазкур лаҳзаи латукӯби як ҷавон аз ҷониби афроди зиёд, сабт шудааст. Гуфта мешавад ин муноқиша дар назди як аз марказҳои фуруши машрубот рух додаст. Ба нақли сомона ҷавон барои харошидани мошинаш бо гурӯҳе аз одамон дарафтода ки дар натиҷа ба ӯ ҳамла карданд. Ин лаҳза дӯсти ӯ ба мошин нишаста қасд кардааст ҳамилонро пахш кунад, аммо ба таври нохост дӯсти худро зер карда ба ҳалокат расонидааст. 

Сомонаи Арабии Verify, ки ба далелсанҷии иттилои хабаргузориҳо ва бахшҳои арабии шабакаҳои иҷтимоӣ машғул аст низ ин хабарро таҳқиқ намуда далели дар Лубнон сабт шудани видео ва шаҳрванди Сурия будани нафари ҳамлашударо рад кардааст.

Ростиозмоии мо нишон дод, ки видеои мазкур ба фурудгоҳи Бишкек ва лату кӯб шудани шаҳрванди Тоҷикистон ҳеч робита надошта, хабари бардурӯғ – фейк аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?