Дар ноҳияи Ашт ба ифтихори забоншиноси варзидаи тоҷик, профессор Бариддин Камолиддинов кӯча ва мактаберо номгузорӣ карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” фарзандони марҳум Камолиддинов хабар доданд.
Баҳриддин Камолиддинов аз забоншиносони маъруфи тоҷик ва устодони хушноми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки соли гузашта дар авҷи бемории ҳамагири вируси куруно дар синни 85-солагӣ даргузашт.
Кӯча дар маркази деҳаи Понғоз, дар ҷойе, ки профессор Камолиддинов зода ва бузург шудааст, номгузорӣ шуд. Гуфта мешавад кӯчаи маркази деҳаро аз даромадгоҳ он то маҳаллаи Бобои Бӯрак ба номи Камолиддинов, расман гузоштанд.
Фариддун Камолиддинов, фарзанди профессор Камолиддинов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “мо рӯзи 22 май ба деҳаи Понғоз рафтем. Дар маркази Панғоз, ки падарам зиндагӣ мекарданд маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ сурат гирифт”.
Ҳамчунин ба гуфтаи Парвиз Камолиддинов, дар маҳалаи Гулшани Понғоз мактаби таҳсилоти миёнаи шумораи 37 ҳам ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов гузошта шудааст, ки ҳамаи қарорҳои дахлдор содир шудааст ва рӯзҳои наздик расман маросими он баргузор мешавад.
Баҳриддин Камолиддинов дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо навиштани китобҳои зиёде дар мавзуъҳои доғи забоншиносии тоҷик ва вазъи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба яке аз донишмандони саршинос табдил шуд.
Ӯ ҳамчунин ҳамеша дар расонаҳо дар мавриди масоили муҳим ва чолишбарангези забон изҳори назар мекард ва ҳузури гстардае дар расонаҳо дошт.
“Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”, “Сухандонон сухан санҷида гӯянд”, “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот”, “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон аз пурхонандатарин асарҳои эшон мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


