Парвозҳои мустақими Русия бо Тоҷикистон дар як ҳафта боз яктои дигар зиёд мешаванд

Date:

Русия шумораи парвозҳои мустақимашро бо Тоҷикистон дар як ҳафта боз яктои дигар зиёд мекунад. Дар ин бора хабаргузории "РИА Нововсти" бо такя ба Ситоди мубориза бо коронавирус дар ин кишвар хабар медиҳад. 

Дар назар аст, ки ин тасмими нав аз 10-уми июн иҷроӣ шавад. Зиёд шудани шумораи парвозҳо дар ҳолест, ки то кунун пас аз азсаргирии парвозҳо баъд аз таваққуфи давраи пандемия миёни Тоҷикистон Русия ҳамагӣ яктои парвоз аз ҳар ду тараф дар як ҳафта барқарор шуду халос. 

Дар тасмими нави ситоди мубориза бо паҳншавии коронавируси Русия, ки 31-уми май қабул шудааст, гуфта мешавад, ки шумораи парвозҳо бо Юнон, Озорбойҷон, Арманистон, Қатар, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Миср, Сербистон, Белорус ва Олмон зиёд карда мешавад. 

Қарор аст ин парвози нави мустақим ҳам дар масири Маскав-Душанбе сурат бигирад.

Масъалаи зиёд шудани парвозҳои мустақимит миёни Русия ва Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар сафари ахираш ба Тоҷикистон ҳам матраҳ карда буд. 

Ҳоло миёни Тоҷикистон ба ҷуз парвозҳои мустақим, ки акнун аз 10-уми июн зиёд мешаванд, миёни Тоҷикистону Русия парвозҳои чартерӣ мавҷуданд, ки барои сафар ба Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд асос дошта бошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...