Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон вазъи марзро бо вазири хориҷаи ин кишвар баррасӣ кард

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода 31 май бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот дар мавриди вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт. Гуфта мешавад, дар суҳбат масъалаҳои таъин ва  аломатгузории сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро […]

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода 31 май бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот дар мавриди вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар суҳбат масъалаҳои таъин ва  аломатгузории сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб раванди музокирот дар мавриди таъин ва  аломатгузории сарҳади давлатиро пайгирона идома диҳад", – таъкид дошт сафир.

Дар сомонаи ВКХ Қирғизистон хабар дода мешавад, ки  зимни вохӯрӣ ба масъалаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар қаламравҳои наздисарҳадии кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

“Руслан Казакбоев таъкид дошт, ки ҳадафи ҷониби Қирғизистон расидан ба натиҷаҳои амалӣ дар таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ бо назардошти манфиатҳои ҳар кадоме аз ҷонибҳо мебошад”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо инчунин масоили марбут ба ҳузури қонунии шаҳрвандони кишварҳоро дар қаламрави ҳар ду давлат баррасӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи сокинони маҳаллии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба задухӯрди мусаллаҳонаи ҳар ду кишвар боис гардид.

Дар задухӯрдҳои мусаллаҳона байни сарҳадбонони кишварҳо аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 нафар осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.