Парвозҳои мустақими Русия бо Тоҷикистон дар як ҳафта боз яктои дигар зиёд мешаванд

Русия шумораи парвозҳои мустақимашро бо Тоҷикистон дар як ҳафта боз яктои дигар зиёд мекунад. Дар ин бора хабаргузории "РИА Нововсти" бо такя ба Ситоди мубориза бо коронавирус дар ин кишвар хабар медиҳад.  Дар назар аст, ки ин тасмими нав аз 10-уми июн иҷроӣ шавад. Зиёд шудани шумораи парвозҳо дар ҳолест, ки то кунун пас аз азсаргирии […]

Русия шумораи парвозҳои мустақимашро бо Тоҷикистон дар як ҳафта боз яктои дигар зиёд мекунад. Дар ин бора хабаргузории "РИА Нововсти" бо такя ба Ситоди мубориза бо коронавирус дар ин кишвар хабар медиҳад. 

Дар назар аст, ки ин тасмими нав аз 10-уми июн иҷроӣ шавад. Зиёд шудани шумораи парвозҳо дар ҳолест, ки то кунун пас аз азсаргирии парвозҳо баъд аз таваққуфи давраи пандемия миёни Тоҷикистон Русия ҳамагӣ яктои парвоз аз ҳар ду тараф дар як ҳафта барқарор шуду халос. 

Дар тасмими нави ситоди мубориза бо паҳншавии коронавируси Русия, ки 31-уми май қабул шудааст, гуфта мешавад, ки шумораи парвозҳо бо Юнон, Озорбойҷон, Арманистон, Қатар, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Миср, Сербистон, Белорус ва Олмон зиёд карда мешавад. 

Қарор аст ин парвози нави мустақим ҳам дар масири Маскав-Душанбе сурат бигирад.

Масъалаи зиёд шудани парвозҳои мустақимит миёни Русия ва Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар сафари ахираш ба Тоҷикистон ҳам матраҳ карда буд. 

Ҳоло миёни Тоҷикистон ба ҷуз парвозҳои мустақим, ки акнун аз 10-уми июн зиёд мешаванд, миёни Тоҷикистону Русия парвозҳои чартерӣ мавҷуданд, ки барои сафар ба Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд асос дошта бошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.