Президент дар маҷлиси ҳукумат дастур дод, ки варзиш рушд дода шавад

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон 31 май маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумат аз 27 майи соли 2017 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶТ барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи раиси Кумитаи […]

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон 31 май маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумат аз 27 майи соли 2017 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶТ барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии Барнома рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрасии он барои аҳолӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва ба ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро таъмин намоянд.

Аъзои ҳукумат масъалаҳо Дар бораи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии ҶТ барои давраи то соли 2030, Дар бораи  Барномаи  ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025, инчунин Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро муҳокима карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.