Сокини ноҳияи Балхӣ бо ҳудуди 30 кило маводи мухаддир дастгир шуд

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти махсус дар қаламрави шаҳри Бохтар зимни фурӯши миқдори зиёди ҳашиши афғонӣ сокини 21-солаи ноҳияи Балхӣ Нусратулло Акобировро дастгир карданд. Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, аз боздоштшуда 29 килову 560 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, зимни бозпурсии аввал […]

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти махсус дар қаламрави шаҳри Бохтар зимни фурӯши миқдори зиёди ҳашиши афғонӣ сокини 21-солаи ноҳияи Балхӣ Нусратулло Акобировро дастгир карданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, аз боздоштшуда 29 килову 560 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, зимни бозпурсии аввал Акобиров иқрор шудааст, ки маводи нашъаоварро дар ноҳияи Ҷайҳун аз шаҳрванди Афғонистон харида, барои фурӯши минбаъда ба шаҳри Бохтар овардааст.

“Ӯ ҳангоми вохӯриаш бо харидор аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир  гардид”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур нисбати ба шаҳрванд Нусратулло Акобиров бо моддаи 200 қ.4, б. “д” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷинои оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.