ВКД: аз сӯхтор дар НФС-и ноҳияи Балхӣ 9 кас осеб дид

Бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Сони-С», воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Балхӣ 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сӯхтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, таркиш тахминан соати 15:45 дақиқа дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ ба амал омада, барои хомӯш кардани сӯхтори […]

Бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Сони-С», воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Балхӣ 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сӯхтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, таркиш тахминан соати 15:45 дақиқа дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ ба амал омада, барои хомӯш кардани сӯхтори майдони 40 метри мураббаъро фарогирифта 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар гардидаанд.

Гуфта мешавад, оташнишонон хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздикро пешгирӣ кардаанд.

“Аз рӯи таҳқиқи пешакии ҳодисаи сӯхтор маълум гардид, ки сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ, ин корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда мебошад”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағи зарари аз сӯхтор расонидашуда аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.