Мақоми аввали як донишҷӯйи тоҷик дар 8-умин Озмуни қуръонхонии Русия

Date:

Бурҳониддин Зарифӣ (Раҳимов) як донишҷӯйи тоҷик дар 8-умин Озмуни байниминтақавии Қуръонхонӣ дар Перми Русия сазовори ҷойи аввал гардида, барои Ҳаҷҷи Умра роҳхати ройгон дарёфт кардааст.

Бурҳониддин Зарифӣ дар Донишгоҳи исломии Маскав дар соли панҷум таҳсил мекунад.

Озмуни мазкур дар доираи 10 умин Форуми “Олами мусулмонон” рӯзҳои 20-22 майи соли 2021 дар Перм баргузор гардид ва дар он 42 намоянда аз 17 минтақаи Русия ширкат доштаанд.

Озмун аз рӯи чанд бахш- донистани ду, панҷ, даҳ, понздаҳ ва 30 пораи Қуръон баргузор шудааст.

Раиси Шӯрои уламои Перм Илҳом Бибарсов гуфтааст,  ки дар бахши донанди кулли Қуръон ё қории мураттаб 24 нафар ширкат кардаанд ва рақобат хеле ҷиддӣ буд.

– Донистани таҷвид, талафузи дуруст, ҳатто овози зебо – ҳангоми интихоби ғолибон ба назар гирифта шуд. Ғалаба осон набуд ва мукофот ҳам ба арзандаҳо дода шуд. Бурҳониддин Раҳимов, ки дар ин бахш ҷойи аввалро ишғол кард, барои адои Умра роҳхат гирифт,-гуфтааст Бибарсов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...