Исмат Абдуллоев, поягузори самбо дар Тоҷикистон дар 77-солагӣ даргузашт

Исмат Абдуллоев мураббӣ ва паҳлавони маъруфи тоҷик, бунёдгузори куштии самбо дар Тоҷикистон, имрӯз бар асари беморие, ки дошт дар синни 77-солагӣ, дар Душанбе даргузашт. Бино ба иттилои наздикону пайвандонаш, ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 18:00, дар масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди Душанбе баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда мешавад. Исмат Абдуллоев дар […]

Исмат Абдуллоев мураббӣ ва паҳлавони маъруфи тоҷик, бунёдгузори куштии самбо дар Тоҷикистон, имрӯз бар асари беморие, ки дошт дар синни 77-солагӣ, дар Душанбе даргузашт.

Бино ба иттилои наздикону пайвандонаш, ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 18:00, дар масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди Душанбе баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда мешавад.

Исмат Абдуллоев дар варзиши тоҷик корнамоиҳои зиёде кардааст. Аз ҷумла ӯ, дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 килограмм бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Вай соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Нақши Исмат Абдуллоев ба унвони мураббӣ дар куштии тоҷик хеле бузург аст. Аз ҷумла ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов шогирдӣ ӯ буд. Абдуллоев солиёни зиён сармурабби тимҳои мунтахаби ҷудо ва самбои Тоҷикистон буд.

Аз мактаби варзишии ин шахсияти варзишӣ паҳлавонони зиёде берун омадаанд, ки дар сабқатҳои ҷаҳони шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардаанд. 

Хидматҳои Исмат Абдуллоев бо унвони “Устоди варзиши СССР” (соли 1966), унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Вай соли 1975 ба қатори даҳ мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо дохил шуда, ҳамчунин беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.