Вакили дифоъ: Иззат Амонро бо хоҳиши худаш ба СИЗО бурданд

Вакили дифои Иззат Амон раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз мудофеини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мегӯяд, ки зерҳимояашро бо хоҳиши худаш ба СИЗО интиқол доданд. То ин вақт Иззат Амон аз замони боздошт ба ин сӯ, дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД нигаҳдорӣ мешуд. Ҳоло Иззат Амон ба СИЗО-и рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе […]

Вакили дифои Иззат Амон раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз мудофеини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мегӯяд, ки зерҳимояашро бо хоҳиши худаш ба СИЗО интиқол доданд. То ин вақт Иззат Амон аз замони боздошт ба ин сӯ, дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД нигаҳдорӣ мешуд.

Ҳоло Иззат Амон ба СИЗО-и рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе бурда шудааст.

Сайидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки муваккилаш  дирӯз ба СИЗО мунтақил шуд ва то поёни таҳқиқи парванда дар он ҷо хоҳад монд. 

Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии Душанбе боздошти Иззат Амонро барои ду моҳи дигар тамдид карда буд, ки то охири моҳи июлро дар бар мегирад. 

Ҳоло Сайидбурҳон Шарипов мегӯяд, ки парванда бояд ба додгоҳ ирсол шавад ва исботи худро ёбад.

Ҳафтаи гузашта вакили дифои Иззат Амон гуфта буд, ки то кунун шикоятҳо аз муваккилаш ба 16-то расидаанд ва агар исботи худро ёбанд, омода ҳастанд, ки хисороти расидаро бипардозанд.  «Бояд ҳаракати тафтишотӣ гузаронида шавад ва Иззат Амон бояд шикоятҳои воридшударо тасдиқ ё рад кунад, баъдан кӯшиш мекунем, ки пардохт намоем».

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия  рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст. 

ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.